Мусобиқаи самбо дар доираи Бозиҳои варзишии Тоҷикистон

Мусобиқаи  самбо дар  доираи Бозиҳои варзишии Тоҷикистон

Дар доираи Бозиҳои варзишии Тоҷикистон-2021 дар шаҳри Душанбе мусобиқа оид ба самбо баргузор шуд. Ба иттилои сардовари мусобиқа Заффар Ҳикматуллозода, дар мусобиқа 58 варзишгар аз минтақаҳои кишвар ширкат карда, дар 7 вазн миёни мардон, тибқи қоидаҳои Федератсияи байналмилалии самбо қувваозмоӣ намуданд. Аз 7 дараҷаи вазнии пешбинишуда дар 3 вазн варзишгарони пойтахт, дар ду вазн варзишгарони минтақаи Кӯлоб (Хатлон-2), дар яквазнӣ варзишгарони Суғду Бадахшон пирӯз шуданд. Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои варзишии Тоҷикистон-2021 ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон аз рӯи 15 намуди варзиш то 30-юми июн идома меёбад.

Ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои варзишии Тоҷикистон-2021 оид ба самбо:

-58кг

1. Масъуд КУКАНШОЕВ (ВМКБ)

2. Фаррух РАҲИМЗОДА (Хатлон-2)

3. Сомон САНГОВ (Душанбе-1)

3. Азиз ЗАВҚИБЕКОВ (Хатлон-1) 

-64кг

1. Сорбон ЛАТИПОВ (Хатлон-2)

2. Боқӣ ВАЛИМУҲАММАД (Суғд)

3. Довуд МУҲИДДИНОВ (Хатлон-1)

3. Қурбонмуҳаммад МИРЗОАЮБЗОДА (Суғд)

-71кг

1. Сарвар ҲОТАМБЕКЗОДА (Суғд)

2. Илҳом ҲОФИЗЗОДА (Суғд)

3. Сайриддин ШОЕВ (ШНТМ)

3. Сорбон СУЛАЙМОНОВ (ВМБК) 

-79кг

1. Мубориз МУНАВВАРОВ (Душанбе-1)

2. Субҳон МИРЗОМУРОДЗОДА (Душанбе-2)

3. Иззатуллои ДАВЛАТМАНД (Хатлон-2)

3. Ислом ЗУҲУРОВ (Хатлон-2)

-88кг

1. Зафар ОЛИМШОЕВ (Душанбе-2)

2. Муҳаммадҷон ЗОИДОВ (Душанбе-1)

3. Юнус ҶОНМАҲМАДОВ (ШНТМ)

3. Рустам ХОҶАЕВ (Хатлон-2) 

-98кг

1. Бахтовар ЗАМИРОВ (Душанбе-1)

2. Рашид ЗИЁБЕКОВ (ВМКБ)

3. Олим АВАЗОВ (Суғд)

3. Бахтиёр ҚУЛМАТОВ (Хатлон-1) 

+98кг

1. Шарифхон НАЗРИЕВ (Хатлон-2)

2. Диловари САБРИДДИН (Душанбе-1)

3. Файзалӣ ЯХШИБЕКОВ (Душанбе-2)

3. Раҳмоналӣ НЕЪМАТЗОДА (Суғд)