“Арсенал” имтиёз аз даст доду, дастпарварони Анчелоти аз бохт наҷот ёфтанд

“Арсенал” имтиёз аз даст доду, дастпарварони Анчелоти аз бохт наҷот ёфтанд

Дар даври 23-уми Премйер Лигаи Англия бошгоҳи “Арсенал”-и Лондон дар майдони худ бо тими навкори мавсим “Шеффил Юнайтед” майдондорӣ намуда, бозиро мусовӣ анҷом дод. Гарчанде “Арсенал” аввалин шуда бо кӯшиши Мартинеллии ҷавон пешсаф гардида бошад ҳам, аммо “Шеффилд Юнайтед”, ки дар мавсими ҷадид ҳамагонро ба ҳайрат оварда истодааст, тавонист исботи арзандаи ифтихорӣ диҳад. Онҳо дар дақиқаи 83-юм бо голи задаи Ҷон Флейк аз бохт наҷот ёфтанд.
 
Дар бозии паралелӣ дастпарварони Карло Анчелотӣ аз дастаи шаҳри Ливерпул бо номи “Эвертон” тавонистанд дар сафар аз “Вест Хэм Юнайтед” як имтиёз ситонанд. Ҳисоби дидор 1-1 анҷомиду, голҳоро Исса Диоп ва Доминик Калверт-Люин мансуби номи худ намуданд.