«Аталанта» - «ПСЖ», кӣ беҳтарин футболбоз шуд?

«Аталанта» - «ПСЖ», кӣ беҳтарин футболбоз шуд?

Бозӣ байни дастаҳои «Аталанта» ва «ПСЖ» бо натиҷаи 2:1 ба суди «ПСЖ» хотима ёфт. Дар ин вохӯрӣ футболбози парижиҳо Неймар унвони беҳтарин бозигари бозиро соҳиб шуд. Гарчанде, ки ӯ ба задани гол даст наёфта бошад ҳам, аммо дар пирӯзии дастааш саҳми арзанда дорад.

«Ӯ аз ҳама хатарноктарин футболбоз дар майдон буд», — қайд кард нозири техникии УЕФА Космин Контра.