Қатар аввалин иштирокчии Ҷоми ҷаҳон
Дар нахустин бозии марҳилаи ¼ ниҳоии чемпионати Осиё миёни ҷавонони синнашон то 19 сола мунтахабҳои Қатар ва Тайланд дидор анҷом доданд. Бозиро футболбозони ҳарду тим аз дақиқаҳои аввал фаъолона шурӯъ намуданд. Шумораи ҳамлаҳои ҷавонони Тайланд ҳатто бештар ба чашм мерасиданд, вале голи аввалинро маҳз бозигарони кишвари арабӣ заданд. Дар дақиқаи 13-уми дидор Ҳошим Алӣ пас аз иштибоҳи ҳимоятгари Тайланд, Саранйу Палангван ҳисоби дидорро боз кард. Голи дуюм ҳам аз иштибоҳи футболбозони Тайланд дар хати ниммуҳофиза оғоз шуд. Онро Носир Ал Язиди дар дақиқаи 21-ум марбути номи худ кард. Дар дақиқаҳои охири нимаи аввал фурсати садандарсади голзаниро ҳамлагари Тайланд, Коравич Таса аз даст дод ва нимаи аввал бо ҳисоби 2-0 ба нафъи Қатар анҷом ёфт. Нимаи дуввумро бозигарони ҷавони Тайланд фаъолона оғоз карда ҳамлаҳои сершуморро созмон доданд. Аз дақиқаи 48-ум то дақиқаи 61-ум бозигарони Тайланд бо кӯшишҳои худ ҳисобро баробар 2-2 карданд. Муаллифони голҳо Корваич Таса ва Сакунчай Сакунтопо шуданд. Пас аз ин дар дақиқаи 80-уми рақобат футболбозони Қатар Аҳмад Суҳайл иштибоҳан тӯбро ба тури дарвозаи худ ворид намуда, ҳисоб 3-2 ба нафъи ҳариф намуд. Вале 3 дақиқа қабл аз хотимаи рақобат худи Аҳмад Суҳайл аз зарбаи ҷаримавӣ дарвозаи рақибро рахна намуд. Ҳисоб 3-3 гардид ва бозӣ дар вақти изофагӣ идома ёфт. Дар "экстратайм"-и аввал, аниқтараш дар дақиқаи 99-ум Абдулрашид Умару ҳисобро 4-3 намуд ва қисми аввали изофагӣ бо ҳамин натиҷа анҷом ёфт. Дар нахустин ҳуҷуми пайти иловагии дуввум ҷавонони Қатар боз як голи дигарро ба тӯри дарвозаи ҳариф ворид намуданд. Муаллифи гол Халид Мансур шуд. Вале ин хотимаи кор набуд. Ҷавонони Тайланд бозиро пурра аз даст доданд. Ҳамин буд, ки дар дақиқаи 117-ум Абдулрашид Умару голи 7-уми худро дар ин мусобиқот ва голи шашуми Қатарро дар ин дидор ба самар расонид. Як голи дигарро дар дақиқаи охирини дидор Юсуф Аймон марбути номи худ карда ҳисобро 7-3 кард. Пас аз ин ғалаба мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Қатар ба даври нимниҳоии чемпионати Осиё, ки роҳхати Ҷоми ҷаҳонро барои ҷавонони ин кишвар муҳайё намуд, дарёфт намуданд.