"Триллер"-и футболӣ дар рақобати аввал баҳри роҳхати Ҷоми ҷаҳон
Аввалин рақобати даври ¼ ниҳоии Чемпионати Осиё миёни ҷавонони то 19 сола байни мунтахабҳои Қатар ва Тайланд бо пирӯзии қатариҳо анҷомид. Пирӯзии мазкур сараввал хело осон ба назар мерасид, зеро оғози қисми якуми дидор бо ду голи тезкори ҷавонони қатарӣ оғоз гардид. Дар ин пайт таиландиҳо кӯшишҳои бенатоиҷ ва бебарор доштанд. Аммо дар 15 дақиқаи аввали қисми дуввум таиландбачаҳо чолокии худро истифода бурда бо ду голи худ ҳисобро баробар намуданд. Ҳатто дар дақиқаи 80-уми бозӣ голи сеюмро ба самар расонида пешсаф гардиданд. Мунтахаби Қатар баъд аз ин голи сардода дастаҷамъона ба пеш рафтанд ва 3 дақиқа пеш аз анҷоми вақти асосӣ ҳисобро 3:3 намуданд. Тақдири рақобатро ду пайти иловагӣ ҳал намуд. Дар ин вақти изофӣ мунтахаби Таиланд бар хилофӣ қисми дуввум, ки онҳо бо як дастаҷамъӣ "камбэк" созмон дода буданд, ин замон калиди бозиро аз даст доданд. Рақиб аз он истифода бурда 4 голи беҷавоб зада ҳисобро 7:3 намуд ва аввалин иштирокчии марҳилаи нимниҳоӣ ва гирандаи роҳхати Ҷоми ҷаҳон 2019 байни ҷавонони то 20-сола гардид. Ҳамин тариқ мунтахаби Қатар дар ин бозӣ, ки равандаш ба мисли "триллер" буд комёб гардида интизори рақиби худ дар даври минбаъда мебошад.