“Атлетико” дар дақиқаҳои иловагӣ аз пирӯзӣ маҳрум шуд
Дар чаҳорчӯби рақобатҳои даври 13-уми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Испания дастаи “Валенсия” дар майдони хонагии худ – “Месталия” бошгоҳи “Атлетико Мадрид”-ро пешвоз гирифт. Вохӯрии дастаҳо шадид ҷараён гирифта, бо натиҷаи мусовии 3:3 анҷом ёфт.
Шогирдони Диего Симеоне аз оғоз бозиро таҳти идораи худ гирифта, ҳамлаҳои зиёд ташкил мекарданд. Ҳамин буд, ки дар дақиқаи 35-уми рақобат онҳо ба кушодани ҳисоб даст ёфтанд. Голро Луис Суарес ба ҳадаф расонид. Қисми якуми бозӣ бо ягона голи “Атлетико” поён ёфт. Бо шуруъ шудани нимаи дуюми нерусанҷӣ меҳмонон бозии ҷолиб нишон дода, дар дақиқаи 50-ум ба голи дастаи рақиб ҷавоб гардониданд. Аммо ин голро ҳам ҳимоятгари “Атлетико” - Стефан Савич вориди дарвозаи дастаи худ намуд ва худголро ба номаш сабт кард. Ҳашт дақиқа баъди ин гол ба бозингарони мадридӣ имкони задани голи дуюм даст дод, ки онро ҳамлавар Антуан Гризманн самаранок истифода бурд ва боз ҳам “Атлетико”-ро собитқадам кард. Бо гузаро шудани ду дақиқаи дигар ҳимоятгари меҳмонон - Шиме Врсалко бо як зарбаи дарвозакӯби худ голи сеюми дастаашро рақам зад. Ин ҳисоб то анҷоми қисми дуюм нигоҳ дошта шуд, аммо довар ба вақти асосии дидор 7 дақиқа илова кард, ки ин дақиқаҳо ба пирӯзии “Атлетико” монеъ шуданд. Дар дақиқаи дуюми изофа кардаи довар нимҳимоятгари испании “Валенсия” - Уго Дуро ҷавоби голи дуюми меҳмононро ҳам дод. Пас аз чор дақиқа футболбози мазкур бори дуюм ба дарвозаи “Атлетико” голзанӣ намуда, дублро ба номаш муҳр зад ва ҳисоби набардро мусовӣ 3:3 кард. Бо ҳамин натиҷа бозии марказии давр дар Ла Лига ба фарҷом расид. Баъди ин мусовӣ дастаи “Атлетико” 23 имтиёз касб карда, ба зинаи чаҳоруми ҷадвали мусобиқа баромад. Тими “Валенсия” бо ба даст овардани 17 хол мавқеи даҳуми ҷадвалро ба худ ихтисос додааст.