Ҷавонони деҳаи Дашти Қозӣ соҳиби майдончаи варзишӣ шуданд

Ҷавонони деҳаи Дашти Қозӣ соҳиби майдончаи варзишӣ шуданд

Санаи 25-уми октябри соли 2021 бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Дашти Қозии шаҳри Панҷакент ду майдончаи варзишӣ бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Ин ду майдончаи варзишии замонавӣ аз ҷониби соҳибкорон Холмурод Қурбонмуродов ва Ғайрат Бойалиев бо харҷи 673 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, бо ифтитоҳи иншоот барои тарғиби тарзи ҳаёти солим, оммагаронии варзиш, машғул шудани сокинон ба варзиш имконият фароҳам меоварард.

Дар ҳудуди шаҳри Панҷакент 16 адад майдончаҳои варзишӣ, 1 адад варзишгоҳ ва 145 адад толорҳои варзишӣ фаъолият менамояд, ки аз оғози соли 2021 то имрӯз дар самти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар шаҳр 25 мусобиқа бо фарогирии беш аз 3500 нафар варзишгарон гузаронида шудааст.