Баргузории мусобиқаи тенниси рӯи миз дар шаҳри Кӯлоб
Дар маҷмааи варзишии Хадамоти алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Кӯлоб беш аз 100 нафар варзишгарони солҳои таваллуди 2000-ум ва хурд байни писарон ва духтарон дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ иштирок намуда барои дарёфти мақомҳои ифтихорӣ талош меварзанд. Дар ин мусобиқа варзишгарон аз манотиқи гуногуни Тоҷикистон аз ҷумла дастаҳои “Суғд”, “ШНТМ”, “ВМКБ 1”, “Хатлон 1”, “Душанбе” ва “Хатлон-2” давоми ду рӯз боз майдондорӣ намуда, иштирокчиёни бозиҳои ниҳоиро муайян мекунанд. Маврид ба ёдоварист, ки дар ин мусобиқа дастпарварони мактабҳои варзишии шаҳри Кӯлоб дастаи Хатлон-2 минтақаи Кӯлобро муаррифӣ мекунанд, қисмате аз наврасон таи чандсол боз дар ин риштаи варзиш майдондорӣ намуда вобста ба малакаву таҷрибаи худ аллакай миёни наврасон мақомҳои ифтихориро ба даст оварданд.