Австралия тиллои навбатиашро ба даст овард

Австралия тиллои навбатиашро ба даст овард

Дар навъи шиноварии тарзи озод ба масофаи 200 метр миёни бонувон ба шиновари австралигяӣ Ариарне Титмус касе баробар шуда натавонист. Ӯ масофаи 200 метрро дар муддати 1:53.50 сония аввалин шуда тай намуд. Ин нишондод ҳамчун рекорди нави олимпӣ сабт гардид. Мақоми дуюмро намояндаи Ҳонконг Шивон Бернадетт Хоуи бо натиҷаи рекорди осиёӣ ба даст овард. Дар мақоми сеюм Пенни Олексяк аз Канада қарор гирифт. Ҳамин тавр   Австралия дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 медали тиллои 6-умашро ба даст овард.

Бозиҳои олимпии Токио-2020

Шиноварӣ, бонувон, 200м тарзи озод

Ариарне Титмус (Австралия), 1:53.50 - рекорди олимпӣ

Шивон Бернадетт Хоуи (Ҳонгконг), 1:53.92 - рекорди Осиё

Пенни Олексяк (Канада), 1:54.70