Аввалин ғалабаи боварибахши “МЮ” дар мавсим

Аввалин ғалабаи боварибахши “МЮ” дар мавсим
Дар идомаи бозиҳои даври 5-уми ПЛА дастаи “МЮ” меҳмони “Нюкасл” шуд ва аввалин ғалабаи боварибахши худро ба даст овард. Ҳамаи 5 голи ин бозиро футболбозони меҳмон ба самар расониданд. Ҳарчанд ибтидо бар ивази автоголи Люк Шоу мизбонон ба пеш баромада бошанд ҳам, “девҳои сурх” бо голи сарвони даста Ҳарри Магуайр дар дақиқаи 23-юм ҳисобро баробар карданд. Баъдан дар қисми дуюм бар ивази дурахшиши Маркус Рашфорд “МЮ” ба пирӯзӣ расид. Мавсуф дар дақиқаҳои 86 ва 90 ба Бруну Фернандеш ва Аарон Ван-Биссака кӯмак кард, то онҳо гол зананд. Сипас дар дақиқаи 90+6 худи ӯ нуқтаи ниҳоиро гузошта, ҳисобро 1-4 намуд.
Маврид ба ёдоварист, ки барои Оле-Гуннар Сулшер ва дастаи “МЮ” ин нахустин пирӯзии боварибахш дар мавсими нави ПЛА аст. То ин рақобат онҳо аз “Кристал Пэлас” ва “Тоттенхэм” шикаст хӯрда, “Брайтон”-ро бо мушкилиҳои зиёд 3-2 шикаст дода буданд.