Аввалин бохти «Голден Стэйт» дар мавсим
Дастаи «Голден Стэйт» аз оғози мавсими нави баскетбол чор бозияшро бидуни шикаст пушти сар намуд. Имрӯз бошад, бо дастаи «Мемфис» неру санҷида, бо ҳисоби 104:101 шикаст хӯрд. Ду ҷониб ғолибро дар вақти асосии бозӣ муайян накарданд. «Голден Стэйт» дар чоряки аввал тавонист ба бартарияти 17 имтиёз даст ёбад, аммо дар се чоряки боқимонда «Мемфис» тавонист имтиёзҳои бештар касб карда, ҳисобро мусовӣ 98:98 намуд. Дар натиҷа кор ба вақти иловагӣ кашида шуд. «Мемфис» дар ниҳоят бо ҳисоби умумии 104:101 ғалаба ба даст овард. Беҳтарин бозигари ин нерусанҷӣ Стефен Карри гардид, ки ба танҳоӣ 36 имтиёз барои тимаш касб намуд.
NBA (АМБ). Чемпионати мавсимӣ
«Голден Стэйт» — «Мемфис» — 101:104 (37:20, 18:25, 24:28, 19:25, 3:6)