Мусобиқаи волейбол дар Мурғоб 560 нафарро ба ҳам овард

Мусобиқаи волейбол дар Мурғоб 560 нафарро ба ҳам овард

Бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим ва ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мурғоб мусобиқаи волейбол бо иштироки 560 нафар сокинону ҷавонони касбу кори гуногун доир гардид.

Аз  рӯйи натиҷаҳои даври ниҳоӣ дастаи “Сомонӣ – 1” зинаи аввалро соҳиб шуда, тимҳои “УПД – 1” ва “Ҷавонон 87” ҷойҳои дуюму сеюмро ишғол намуданд. Ғолибон бо медалу ифтихорномаҳо қадрдонӣ шуданд.