Аввалин голи сардодаи мавсим барои “Милан” ғамгин нашуд

Аввалин голи сардодаи мавсим барои “Милан” ғамгин нашуд
Дар бозии даври 4-уми чемпионати  Италия бошгоҳҳои "Интер" ва  " Милан"  андари майдони рақобат шуданд.  Дидори мазкур дар варзишгоҳи "Сан-Сиро"- и  шаҳри  Милан доир гардида,  бо пирӯзии меҳмонон бо ҳисоби 2: 1  ба фарҷом расид.
Ҳанӯз дар дақиқаҳои аввали бозӣ ҳар ду дастаҳо афзалият нишон дода, дар  назди дарвозаҳои  якдигар ҳолатҳои хавфнокро созгор медоданд. Ҳамин буд, ки дар дақиқаи  13-уми бозӣ қоидаи бозӣ вайрон карда шуд ва  довари асосии вохӯрӣ пеналтиро ба дарвозаи дастаи " Интер"  таъин кард. Ҳуҷумкунандаи дастаи "Милан"   Златан Ибрагимович онро ба самар расонида натавонист. Пас аз чанд сония, Златан  иштибоҳашро  ислоҳ кард ва ҳисоби дидорро боз кард. Пас аз 3 дақиқа Ибрагимович як голи дигарро вориди дарвозаи Ханданович карда, голи дугонаро ба номаш сабт кард. Дар дақиқаи 28-уми дидор  ҳамлагари бошгоҳи "Интер"  Ромеу Лукаку аз ирсоли головари Перешич истифода бурда,  ягона голи дастаашро ба самар расонид. Дарвозабони дастаи "Милан" Доннарумма аввалин тӯбро пас аз чор даври мусобиқа аз дохили тӯри дарвозааш гирифт. Бо ҳамин натиҷа қисми аввали бозӣ ба охир расид. Дар қисми дуюми бозӣ мухлисон шоҳиди гол нашуданд. Ҳамин тавр дар дербии шаҳри Милан бошгоҳи "Милан" ғалаба ба даст оварда, бо доштани  12 имтиёз садрнишини ҷадвали мусобиқа гардид. Шогирдони Антонио Конте пас аз ду пирӯзи ва як мусовӣ ба бохт дучор гардида, бо доштани 7 имтиёз дар зинаи 6- уми ҷадвал қарор гирифтанд.