Қайиқронҳои тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон мераванд

Қайиқронҳои тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон мераванд

17-20 октябр дар шаҳри Шаосинги Ҷумҳурии Мардумии Чин Чемпионати ҷаҳон ва Осиё оид ба қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ – марафон (масофаҳои кӯтоҳ ва миёна) миёни ҷавонон ва калонсолон баргузор мегардад. Дар мусобиқа аъзои дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба қайиқронӣ Шаҳриёр Даминов ва Нурмуҳаммади Тоҳир бо маблағгузории Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон иштирок мекунанд. Ба иттилои Федератсияи қайиқронии Тоҷикистон, Шаҳриёр дар каноэ ва Нурмуҳаммад дар байдарка ба масофаи 26,2 км қувва меозмоянд.