Синнер бо мағлуб кардани Павел Котов ба даври ҳаштякниҳоии мусобиқаи “Мастерс” дар Мадрид роҳ ёфт

Синнер бо мағлуб кардани Павел Котов ба даври ҳаштякниҳоии мусобиқаи “Мастерс” дар Мадрид  роҳ ёфт

Ракеткаи 72-юми ҷаҳон, теннисбози рус Павел Котов дар мусобиқаи силсилаи “Мастерс” дар Мадриди Испания дар даври 1/16 ниҳоӣ мағлуб шуд.

Дар бозии марҳилаи 1/16 ниҳоӣ теннисбози рус аз Янник Синнери итолиёвӣ бо ҳисоби 2:6, 5:7 шикаст хӯрд. Давомнокии вохӯрӣ 1 соату 37 дақиқа буд.

Ҳамакнун, Синнер дар даври баъдӣ бо ғолиби бархӯрди Карен Хачанов (Русия) ва Флавио Коболли (Италия) вомехӯрад.

Қаҳрамони феълии мусобиқа дар Мадрид теннисбози испанӣ Карлос Алкарас мебошад.