Аз боми ҷаҳон то майдонҳои сабзи Осиё

Аз боми ҷаҳон то майдонҳои сабзи Осиё

Тими мунтахаби футболи то 19 солаи Тоҷикистон бо роҳбарии мураббии кордон Мубин Эргашев дар чемпионати Осиё, ки дар кишвари Индонезия ҷараён дорад ба марҳилаи ¼ ниҳоӣ роҳ пайдо кард. Дар марҳилаи ¼ ниҳоӣ шогирдони Мубин Эргашев бо тими Кореяи Ҷанубӣ майдондорӣ хоҳанд кард. Хабарнигори мо Кова Тилавпур бо капитани тими мунтахаби то 19 сола    Эҳсони Панҷшанбе сӯҳбате орост.

Хабарнигор:- Дуруд бар Шумо Эҳсон. Мехостам дар мавриди ҳунарнамоиятон дар Чемпионати Осиё сӯҳбат кунем…

Эҳсон:- Салом ба Шумо бародар ва тамоми мардуме, ки моро дар Тоҷикистон ва берун аз он дастгирӣ мекунанд.

Хабарнигор:-Аввалан мехостам бидонам, ки Эҳсон чӣ тавр роҳи футболро интихоб намуд?

Эҳсон:-Шуруъ аз кӯдакиям дар хиёбонҳо бо бачаҳо футбол бозӣ мекардам. Вақте, ки 10 сола шудам бародарам маро ба назди мураббӣ Сафар Раҳмонов бурданд ва аз он лаҳза тамринотро оғоз намудам.

Хабарнигор:-Дар кадом дастаҳо бозӣ кардаед?

Эҳсон:-Аввалан дар дастаи захиравии бошгоҳи «Истиқлол», баъдан дар дастаҳои «Вахш» ( ҳозира Хатлон) ва «Барқӣ»-и шаҳри Ҳисор бозӣ кардам. Ҳоло дар дастаи асосии «Истиқлол» бозӣ мекунам.

Хабарнигор:- Се бозие, ки дар гуруҳи “D”-и мусобиқаи ЧО анҷом додед ба назари Шумо кадом тим муқобили Тоҷикистон қавитар буд?

Эҳсон:- Чемпионати Осиё ин худ як мусобиқаи бонуфуз аст. Ҳар даста марҳилаҳои интихобиро сипарӣ карда,то ба ин марҳила роҳ гирифтааст. Дастаҳои Чин, Малайзия ва Арабистони Саудӣ футболбози хуб доранд. Бо се дасте,ки бозӣ кардем ҳамаи онҳо қавӣ буданд.

Хабарнигор:-Мақсади асосии даста дар ин мусобиқа чӣ аст?

Эҳсон:- Мақсади ниҳоии бозигарон ва ситоди мураббиён ин рохҳат чемпионати Ҷоми Ҷаҳоне,ки соли баъди дар кишвари Лаҳистон барпо мешавад ба даст овардан аст..

Хабарнигор:-Оё мо Кореяи Ҷанубиро шикаст дода метавонем?

Эҳсон:-Ба назарам дастае нест,ки шикаст дода нашавад.Мо ба хулоосае омадем,ки чӣ қуввае дорем барои 90 ё 120 дақиқаи бозии баъди истифода хоҳем бурд.

Хабарнигор:-Барои мухлисоне,ки дар Тоҷикистон ва берун аз он Шуморо мухлисӣ мекунанд чӣ гуфтани ҳастед?

Эҳсон:-Ҳар як нафаре,ки вақти худро дареғ надошта бозиҳои моро тамошо мекунанд сипосгузорам.Мо барои мухлисон ва ҳаводорони футболи тоҷик санаи 29-уми октябр нишон хоҳем дод,ки ба чӣ кор қодир ҳастем.

Хабарнигор:-Ба ғайр аз футбол боз кадом намуди варзишро дӯст медоред?

Дар вақтҳои фароғат бо бародаронам тениси рӯйи миз бозӣ мекунем.

Хабарнигор:-Мо барои Шумо комёбӣ ва пирӯзӣ орзумандем.

Эҳсон:-Ташаккури зиёд бародари азиз.Мо талош мекунем,ки Тоҷикистони азизро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ кунем.

Эҳсони Панҷшанбе 12-уми майи соли 1999 дар ноҳияи Рушони ВМКБ чашм ба оламӣ ҳастӣ кушодааст.Аз соли 2002 инҷониб дар шаҳри Душанбе зиндагӣ дорад. Дар оила фарзанди сеюмин буда боз ду бародар дорад.