Ба истифода додани майдончаи варзишӣ дар шаҳри Бӯстон
Дар кӯчаи Куруши Кабири шаҳри Бӯстон 27-уми октябр майдончаи варзишии замонавӣ ба истифода дода шуд. Майдончаи мазкур бо харҷи 50 ҳазор сомонӣ аз ҷониби роҳбарияти ҶДММ "Анҳор" бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст. Минбаъд наврасону ҷавонон имкон пайдо мекунанд то дар он ба обу тоби бадан машғул шуда, баҳри солимии худ талош варзанд.