Хави кай аввалин бозиашро дар «Барселона» баргузор мекунад?
Сармураббии дастаи «Ал-Садд» Хави рӯзҳои наздик роҳбарии дастаи “нилунориҳо”-ро ба зимма мегирад. Дар ин бора Catalunya Ràdio хабар додааст. Тибқи хабаргузории сарчашма Хави аввалин бозии худро ба симати сармураббии каталониҳо санаи 6-уми ноябр дар бозии даври 13-уми Ла Лига бар зидди “Селта” баргузор мекунад.
Қаблан сомонаи расмии бошгоҳи каталонӣ аз таъйин намудани Серхи Бархуан ба ҳайси сармураббии муваққатии бошгоҳ хабар пахш карда буд.