Баъди нокомиҳо “Ювентус” шаҳди пирӯзӣ чашид

Баъди нокомиҳо “Ювентус” шаҳди пирӯзӣ чашид

Дастаҳои “Ювентус”-и Италия ва “Малмё”-и Шветсия дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳои Аврупо бо ҳам бозӣ намуданд. Рақобати мазкур дар майдони “Сведбанд”-и шаҳри Малмёи Шветсия доир шуда, бар нафъи меҳмонон анҷом ёфт.

Бозингарони “Ювентус” аз оғоз ташаббуси бозиро зери назорати худ гирифта, дар нимаи аввали бозӣ бо се голи худ тақдири рақобатро ҳалу фасл намуданд. Голи аввалини “Юве”-ро дар дақиқаи 23-юм аз ҷониби Алекс Сандро ба ҳадаф расид. Пауло Дибала дар дақиқаи 45-ум аз зарбаи ҷаримавии 11 метра голи дуюми дастаи шаҳри Туринро ба номаш мӯҳр зад. Ҳамлавари марказии “Ювентус” Алваро Мората дар дақиқаи 45+1 исми худро ба рӯйхати голзанҳои ин дидор сабт сохт. Нимаи дуюми бозӣ бидуни гол ба поён расид.

Баъди даври аввали марҳилаи гурӯҳӣ “Ювентус” дар гурӯҳи Н зинаи аввалро касб намудааст. “Дастаи “Челси”, ки “Зенит”-ро бо ҳисоби 1-0 шикаст дод, зинаи дуюми гурӯҳи мазкурро ба худ ихтисос дод. Дастаҳои “Зенит” ва ”Малмё” бидуни имтиёз дар зинаҳои 3-юм ва 4-ум мавқеъ доранд.