Баргашти “Интер” аз Рим бо се имтиёз

Баргашти “Интер” аз Рим бо се имтиёз

Бошгоҳи “Интер” дидори даври 10-уми Серия А-и Италияро дар сафар бо “Латсио” доир кард. Рақобати дастаҳо дар варзишгоҳи “Олимпико”-и Рим сурат гирифта, бо ҳисоби 3:0 ба фоидаи меҳмонон хатм шуд. Ҳамлагари аргентинии “Интер” Мауро Икарди дар дақиқаҳои 28-ум ва 70-ум ба номаш дубл сабт кард ва як голи дигарро бошад, ниммуҳофизатгар Марсело Брозович ба самар расонид. Ин шашумин ғалабаи пайдарҳами “Интер” буда, дастпарварони Лучано Спаллетти бо касби 22 имтиёз дар зинаи дуюми ҷадвали Серия А қарор доранд. “Латсио” баъд аз даҳ дидор бо 18 имтиёз дар мақоми чорум ҷой гирифтааст.

Чемпионати Италия. Серия А

Даври 10-ум

"Латсио" - "Интер" - 0:3 (0:2)

Голҳо: Икарди, 28 (0:1). Брозович, 41 (0:2). Икарди, 70 (0:3).

"Латсио": Стракоша, Раду (Баштуш, 78), Ачерби, Марушич, Луис Фелипе, Лулич, Бадел (Каталди, 34), Пароло, Милинкович-Савич, Кайседо (Корреа, 69), Иммобиле.

"Интер": Ханданович, Миранда, Асамоа, Врсалко, Шкриняр, Жоау Мариу (Валеро, 57), Брозович, Весино (Галярдини, 87), Перишич, Икарди, Политано (Балде, 88).

Таҳияи: Фаридун