Баргузории мусобиқаи кушоди шаҳрӣ оид ба каратэ-до-годзю-рю
Дар шаҳри Гулистон оид иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба оммавигардонии варзиш ва тарзи ҳаёти солим мунтазам тадбирҳои муассир андешида шуда истодааст. Дар ҳамин замина нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиш бо тасдиқи Раиси шаҳр ба тавсиб расидааст. Лозим ба ёдоварист, ки масъулин ва мураббиёни муассисаи давлатии "Мактаби варзишӣ"-и шаҳр дар ҳамкорӣ бо дигар шаҳру ноҳияҳо, шуъбаи маориф, муассисаҳои таълимӣ, қисмҳои ҳарбӣ ва дигар корхонаву ташкилотҳои ҳудудии шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳои тобеияти шаҳр ҳамарӯза мусобиқаҳои варзиширо дар сатҳи хуб роҳандозӣ намуда, баргузор намуда истодаанд.
Бо ҳамин мақсад санаи 31.10.2021 дар толори кохи варзишии "Истиқлол"-и маркази шаҳри Гулистон дар ҳамкорӣ бо Федератсияи каратэ-до-годзю-рю мусобиқаи кушоди шаҳрӣ ташкил карда шуд. Қобили қайд аст, ки дар мусобиқаи мазкур зиёда аз 350 нафар наврасону ҷавонони шаҳру ноҳияҳои Гулистон, Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Хуҷанд, Конибодом, ва Ҷаббор Расулов фаъолона иштирок намуда, байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Дар мусобиқаи мазкур варзишгарони шаҳри Гулистон низ фаъолона иштирок намуда бо нишон додани маҳорати баланди касбӣ ва варзишӣ ба чунин натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд. Ҳамин тариқ сазвори ҷойи якуми мусобиқа 19 нафар, ҷойи дуюм 19 нафар ва ҷойи сеюм 18 нафар гардиданд. Дар ин баробар масъулини бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр ва мураббиёни Муассисаи давлатии "Мактаби варзишӣ" азм доранд, ки дар давоми соли равон дар байни ҷавонону наврасон ва сокинони шаҳр мусобиқаҳои гуногунмазмунро ба роҳ монда, тарғиби тарзи ҳаёти солимро дар байни сокинони касбу кори гуногун рушд диҳанд.