Фати боз ҷароҳат бардошт
Ҳамлавари ҷавони дастаи «Барселона» Ансу Фати имрӯз дар рафти тамрини даста дар зонуи росташ дардро эҳсос намудааст. Дар ин бора Хадамоти матбуоти “нилунориҳо” иттилоъ додаанд. Акнун баъди ин воқеа футболбоз дар даври 11-уми Ла Лига бар зидди «Райо Валекано» бозӣ карда наметавонад.
Ёдовар мешавем, ки Фати дар бозии даври 10-уми Ла Лига бар муқобили “Реал” (1:2) дар дақиқаи 73-юм иваз карда шуд. Бояд огоҳ шуд, ки Фати муддати тӯлонӣ ҷароҳат дошт ва чанд рӯз пеш ба ҳайати дастааш баргашта буд.