Баргузории Ҷоми ҷаҳон-2022 дар Қатар бо истифодаи машруботи спиртӣ

Баргузории Ҷоми ҷаҳон-2022 дар Қатар бо истифодаи машруботи спиртӣ

Мо фаҳмидем, ки дар Қатар чӣ мамнӯиятҳо ва маҳдудиятҳо мавҷуданд. То баргузории Ҷоми ҷаҳони Қатар бештар аз як сол мондааст ва яке аз саволҳои ҷолибтарин барои аксари онҳое, ки барои бозӣ ба он ҷо мераванд, мавзӯи машруботи спиртӣ аст. Ин фаҳмост: барои мухлисони аврупоӣ ва Амрикои Лотинӣ оби ҷав (пиво) қисми ҷудонашавандаи ташриф ба футбол аст ва инро Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Русия собит кард: танҳо дар давоми мусобиқа дар варзишгоҳҳо беш аз 3,2 миллион қадаҳ (тақрибан 1,6 миллион литр) фурӯхта шуд ва тасаввур кардан душвор аст,ки чӣ қадар мухлисон дар марказҳои майнушӣ (бару паб), тарабхона ва дар кӯчаҳо оби ҷав истеъмол менӯшиданд. Аён аст, ки дар Қатар ҳамаи ин кор баръакс мешавад: ҳанӯз маълум нест, ки оби ҷав (пиво) дар варзишгоҳҳо фурӯхта мешавад ё не ва қонунҳои кишвар бошад чунинанд, ки ҳам харид ва ҳам истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ бо як қатор маҳдудиятҳо ҳамроҳ мешавад:

№ 1. Манъи воридот

Дар фурӯдгоҳи Қатар ҳамаи бағоҷҳоро барои мавҷудияти шишаи пинҳоншуда дар ҷомадон тафтиш мекунанд - интиқоли ҳама гуна нӯшокиҳои спиртӣ ғайриқонунӣ ҳисобида мешавад. Ҳатто агар Шумо чизеро бидуни боҷ харида бошед ҳам Шуморо бо машрубот ба шаҳр роҳ намедиҳанд.

№ 2. Иҷозатномаи харид

Дар Қатар танҳо ду мағоза мавҷуд аст, ки дар он Шумо машруботи спиртӣ харидорӣ намоед, ки яке аз он Маркази тақсимоти Қатар (Qatar Distribution Centre) ба шумор меравад. Аммо ба чунин маконщо танҳо хориҷиёне, ки иҷозатномаи махсус доранд, рафта метавонанд ва барои гирифтани машруботи спиртӣ ба талаботҳои муайян ҷавобгӯ будан лозим аст:

-21-сола боло будан;

-доштани иҷозатномаи иқомат дар Қатар;

-ҳадди аққал 3000 риали Қатар (~9 40 ҳазор сомонӣ) гиред *;

-мӯҳлати иҷозатномаи истиқомат ё ID Қатар бояд аз ду моҳ зиёд бошад;

Вобаста ба ин дар кишвари арабии Қатар тартиби оддӣ, вале пур аз хусусиятҳои бюрократизм ҷорӣ аст: аввал корфармо ба унвони QDC (эҳтимолан Кумитаи ҳуҷҷатнигории Қатар) мактуб менависад, ки дар он вазифа ва маоши моҳона нишон дода мешавад ва сипас варақа дар мағоза пур карда мешавад (онҳо ба осонӣ метавонанд аз Шумо ҳисоботи бонкиро ҳамчун далели қобилияти пардохт талаб кунанд) ва нихоят боҷ пардохт мешавад,ки дар соли аввал он 150 риёл (~ 3244 сомонӣ), дар соли дуюм - 250 риал (~7 785,65 сомонӣ) ва соли дар сеюм - 350 риал (~10 869,45 сомонӣ)-ро ташкил медиҳад.

Ба сайёҳон иҷозатнома дода намешавад.

Мувофиқи қоидаҳо тариқи иҷозатномаи худӣ аз аҳолии маҳаллӣ барои харидани чизе хостор мумкин нест: шумо танҳо барои худ машрубот харида метавонед ва агар дар вақти ба касе додани шишаҳо ба даст афтед, метавонанд Шуморо аз иҷозатнома маҳрум кунанд ё ҷарима намоянд. Далели "ин тӯҳфа аст" ба кор намеояд – тӯҳфа кардани машруботи спиртӣ манъ аст.

Пештар ҳиндуҳо ва туркҳо дар маҳаллаҳои худ мағозаҳои ғайриқонунӣ мекушоданд, ки дар онҳо шумо метавонистед бе ягон иҷозатнома машрубот харед, аммо чунин мағозаҳо зуд баста шуданд: гӯё, ки шумо бояд қонунҳои маҳаллиро эҳтиром кунед, дар ҳоле,ки барои зиндагӣ ба ин ҷо омадаед.

№ 3. Нусхабардории ҳуҷҷатҳо дар барҳо ва пулиси "алкоголӣ"

Барои онҳое, ки нӯшидан мехоҳанд, варианти ягона –майхонаҳо (барҳо), тарабхонаҳо ва меҳмонхонаҳо ҳастанд. Барои ворид шудан дохили чунин маконҳо Шумо бояд шиноснома ё ID-и худро нишон диҳед: маълумот ба системаи давлатӣ ворид карда мешавад, то ки агар чизе рӯй диҳад, шуморо пайгирӣ карда тавонанд.

Бори аввал бо чунин ҳолат рӯ ба рӯ шудам, вақте ки дар харитаи Доҳа як майхонаи ирландиро ёфтам ва тасмим гирифтам, ки ба он ҷо ба иктишоф равам. Як бачаи тануманд аз Нигерия, ки маро бо суханҳои тундомези "Айди плиз" (ID Please!) дар остонаи дар нигоҳ дошта буд, шиносномаи маро гирифта, нусхабардорӣ кард ва сипас муддати тӯлонӣ чизе нусхабардорӣ мекард.

"Ин ба ман аҷиб менамояд, аммо ин қоидаҳост. -гуфт ӯ пас аз саволҳои ман. –Ин ба бехатарӣ вобаста аст: масалан вақте,ки чизе рух медиҳад, ёфтани нафарони гунаҳкор ба пулис осон мешавад”.

Бармен гуфт, ки CID (Шӯъбаи кофтукови ҷиноӣ) метавонад як шахси мастро дар кӯча боз дорад ва аз ӯ ё суратҳисоб (чек) аз бар (маркази майнушӣ) ё иҷозатнома барои харидани машрубот талаб мекунад.

"Ҳолатҳое мешаванд, ки онҳо шомгоҳон дар поёни кӯча навбатдорӣ мекунанд", - афзуд ӯ. -Аммо дар хотирам то ба ҳол бо касе мушкил пайдо нашудааст. Дар ин ҷо ҳама чиз ба таври шоиста аст: одамон зиёданд (хусусан дар рӯзҳои панҷшанбе ва ҷумъа *), онҳо низ бисёр менӯшанд, аммо кулли чиз бидуни ҷангу ҷанҷол ва ё нофаҳмиҳо сипарӣ мешавад.

№ 4. Манъи истеъмоли машруобти спиртӣ дар дар ҷойҳои ҷамъиятӣ

Харидани чизе аз бар (марказҳои майнушӣ)-ву мағоза, баровардани он ба берун ва шурӯъкунӣ ба нӯшидан- манъ аст. Танҳо дар хона ё дар муассисае, ки фурӯши нӯшокиҳои спиртӣ иҷозат дода шудааст истеъмоли машруботҳои спиртӣ мумкин аст.

Ба қоидавайронкунӣ чӣ таҳдид мекунад: ҷарима, ҳукми зиндон ва ихроҷкунӣ

Ба кодекси ҷиноятӣ назар мекунем.

Моддаи 270: «Ҳар нафаре, ки дар ҷои ҷамъиятӣ машрубот менӯшад, барои фурӯши нӯшокиҳои спиртӣ дӯкон мекушояд, бо ҳабси то шаш моҳ ва ё ҷарима ба андозаи то се ҳазор риёли Қатар (~9 248,16 сомонӣ) ҷазо дода мешавад. Ҷазои ба ҳамин монанд ба нафароне низ дахл дорад, ки дар ҳолати мастӣ дар кӯча дастгир шудаанд ё дар ҳолати мастӣ дигаронро озор додаанд».

Моддаи 77: «Суд метавонад, агар шаҳрванди хориҷӣ дар сурати ҷинояти вазнин ё қоидавайронкунӣ ба ҳабс маҳкум шуда бошад, ӯро ба ихроҷкунӣ (депортатсия) маҳкум кунад».

Нархҳо чӣ гунаанд: пиво аз 73 сомонӣ (0,33 л), шароб - аз 161 сомонӣ.

Дар як майхонаи ирландӣ, пивои шишагин 77,88 сомонӣ арзиш дорад, дар лӯла бошад нархаш - аз 92 то 121 сомонӣ аст.

Дар Ҷоми Ҷаҳон чӣ гуна мешавад: минтақаҳои муташаккили машруботӣ ва танзими нархҳо

Дар ҷараёни Ҷоми Ҷаҳон нӯшокиҳои спиртӣ дар минтақаҳои мухлисона (фан-зонаҳо) ва дар фестивалҳои мухлисона (фан фестҳо) фурӯхта мешавад. Дар мавриди машруботҳои спиртӣ дар варзишгоҳҳо бояд ба зудӣ эълон шаванд - Кумитаи олӣ то ҳол масъаларо бо ФИФА баррасӣ мекунад.

Фатма Ал-Наими -директори иҷроияи коммуникатсияи Кумитаи олӣ ба хабарнигорон гуфт: "Алкогол як ҷузъи фарҳанги мо нест, аммо меҳмоннавозӣ бале." - Мо минтақаҳоеро ташкил хоҳем кард, ки дар он нӯшокиҳои спиртӣ фурӯхта мешаванд - дар соли 2019 дар чемпионати ҷаҳон миёни бошгоҳҳо чунин рафти кор шуда буд. Ба чунин маконҳо мухлисон ҳам пеш аз бозӣ ва ҳам баъд аз бозӣ меомаданд. Яъне нӯшокиҳои спиртӣ дастраси оммаи васеъ нахоҳад буд, дар кӯчаҳо нӯшидан мумкин нест, аммо дар ин минтақаҳо – барҳо (майхонаҳо), тарабхонаҳо, фанзонҳо ва фестивалҳои мухлисон машруобти спиртӣ мавҷуданд. Дар мавриди нархҳо бошад метавон гуфт,ки арзиш низ дастрас хоҳанд шуд”.

Хуллас,ки набояд хавотир шуд-оби ҷав (пиво) дар Ҷоми Ҷаҳон-2022 хоҳад буд, онро нӯшидан мумкин мешавад ва мавридҳо оиди ҳолати манъкуниҳои нӯшидани машруботи спиртӣ дар ҷойҳои ҷамъиятиро бошад метавон аз сар гузаронд.