Барномаи баргузории рӯзи якуми Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ

Барномаи баргузории рӯзи якуми Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ

Дар рӯзи якуми Чемпионати Осиё оид ба веломарафон дар шоҳроҳ ва веломарафони параолимпӣ,ки рӯзи 25-уми март доир мешавад,  12 дастаро дар сабқатҳои 24 километра ба ҳам меорад.

Сабқатҳои даставӣ миёни мардон аслан соати 10:00-и рӯзи 25-уми март аз майдони “Дӯстӣ”-и шаҳри Душанбе оғоз шуда, соати 11:30-и ҳамин рӯз дар майдони “Дӯстӣ” маросими ҷоизасупории он баргузор мешавад.


Дар сабқатҳои даставӣ миёни бонувон бошад, ки дар масофаи 24 километр соати 12:00-и рӯзи 25-уми март баргузор мешавад, ҳашт даста иштирок дошта, маросими ҷоизасупории он соати 13:30-и санаи 25-уми март доир мешавад.


Сабқатҳои инфиродии 24-километра миёни бонувон ва мардони параолимпичиён соати 14:00 ва 14:30 оғоз гардида, маросими ҷоизасупории он соати 16:30 дар майдони “Дӯстӣ” дар назар аст.


Сабқатҳои инфиродии 15-километра миёни бонувон ва мардони параолимпичиён соати  15:30 оғоз гардида, маросими ҷоизасупории он соати 16:30 дар майдони “Дӯстӣ” дар назар аст.


Сарчашма: Tajikistan Cycling Federation