Барои Ҳоланд ҷанги бузург оғоз мешавад

Барои Ҳоланд ҷанги бузург оғоз мешавад

Мутахассисон ва коршиносони футбол баъд аз Месси ва Роналду ғунчаҳои навшукуфта  - Ҳоланд ва Мбапперо ворисони онҳо медонанд. Вақтҳои охир талабгорони ситораи «Боруссия» Эрлинг Ҳоланд зиёд мешаванд. Сомонаи расмии The Times менависад, ки дастаи «Манчестер Сити» ба таври ҷиддӣ ба ин норвегӣ таваҷҷуҳ намудааст.

Ба маълумоти сарчашма, намояндаҳои «Манчестер Сити» бо агенти ӯ Мино Райола дар бораи ояндаи вай гуфтушунид намуданд. Сармураббии “шаҳриҳо” Гвардиола  худаш шахсан аз роҳбарияти даста хоҳиш намудааст, ки барояш Ҳоландро харидорӣ намояд. Қарордоди феълии Ҳоланд бо дастаи олмонӣ то соли 2022 амал мекунад. Ҳоло арзиши Эрлинг дар бозори ҷаҳонӣ 90-100 млн евро муқаррар шудааст.

Ёдрас мекунем, ки қаблан дастаҳои «Пари Сен-Жермен», «Бавария», «Ювентус», «Челси», «Манчестер Юнайтед», «Барселона» ва «Реал» ба ин ситораи навҷилои олами футбол таваҷҷуҳ доштанд.