Бускетси бузург барои "Барселона" нолозим шуд

Бускетси бузург барои "Барселона"  нолозим шуд

Сомонаи расмии El Nacional хабар медиҳад, ки "Барселона" Серхио Бускетсро ба фурӯш мегузорад. Каталониягиҳо мехоҳанд, ки нимҳимоятгари таҷрибадорро бо футболбози "Милан" Франк Кесси иваз кунанд, ки тобистони оянда мақоми агенти озодро мегирад. Барои имзои Франк Кесси "Барселона" -ро лозим аст, ки як ҷойи кориро холӣ кунад. Серхио Бускетс, ки дар ҳайати “нилунориҳо” солҳои зиёд бозӣ намудааст, ҳоло акнун вақти он расидааст, ки бо даста хайрухуш кунад.