“Барселона” ба даври нимниҳоии Ҷоми Испания баромад

“Барселона” ба даври нимниҳоии Ҷоми Испания баромад

Дар бозии даври чаҳорякниҳоии  Ҷоми Испания  «Барселона» бо ҳисоби минималии 1 бар 0 муқобили «Реал Сосйедад»  зафар ёфт.

Дар қисми аввали бозӣ Браис Мендес аз ҳайати “Реал Сосйедад” корти сурх гирифт ва то ҷое барои ғалаба ҳамдастаҳояшро ноумед кард.

Дар нимаи дуюми бозӣ пас аз ирсоли головари Жюл Кунде ба ҳамватанаш Усмон Дембеле ягона голи вохӯриро ба самар расонид ва “Барселона” –ро ба даври нимниҳоии Ҷоми Испания баровард.

Ҳамакнун дар даври нимниҳоӣ  "Барселона"  пас аз қуръакашӣ рақибашро пайдо мекунад.

Ёдовар мешавем, ки дар бозии дигари даври чаҳорякниҳоӣ дастаҳои “Атлетико Мадрид” ва “Реал Мадрид” имрӯз ба ҳам меоянд.

Ҷоми  Испания | Даври ¼ - ниҳоӣ

«Барселона» – «Реал Сосйедад» 1:0

Гол: Дембеле, 52

«Барселона»: тер Штеген, Кунде, Кристенсен (Алонсо, 90), Араухо, Балде (Рафиня, 78), Бускетс, де Йонг, Педри (Кессиэ, 77), Гави, Левандовски, Дембеле (Фати, 84).

«Реал Сосйедад»: Ремиро, Элустондо, Ле Норман, Субелдия, Рико (Мунйос, 46), Мендес, Марин (Оласагасти, 78), Субименди, Кубо (Наварро, 78), Серлот (Фернандес, 87), Ойарсабал (Барренечеа, 46).

Огоҳӣ гирифтанд: Бускетс, Педри – Субименди

Корти сурх гирифт: Мендес