Маркус Рэшфорд пас аз ҶҶ: 10 бозӣ, 10 гол

Маркус Рэшфорд  пас аз ҶҶ:  10 бозӣ,  10 гол

Ҳамлагари  «Манчестер Юнайтед» Маркус Рэшфорд  ба задани 10 гол дар 10 бозии охири даста мушарраф гардидааст. Ҳамаи ин бозиҳо пас аз Ҷоми ҷаҳонии 2022 баргузор шуданд.

 «Манчестер Юнайтед» дар даври ниманиҳоии Ҷоми Лигаи Англия  бо «Ноттингем Форрест» бо ҳисоби 3 бар 0 ғалаба кард, ки  Рэшфорд дар дақиқаи 6-уми бозӣ ба задани  гол даст ёфт. Ин голи 10-уми дар соли 2023 аст.

Дар хотир доред, ки фавран пас аз Ҷоми ҷаҳонии 2022, Рэшфорд шартномаи худро бо "Манчестер Юнайтед" тамдид кард.

Ҷоми Лигаи Англия  | Даври 1/2 – ниҳоӣ  | Бозии аввал

«Ноттингем Форест» – «Манчестер Юнайтед» 0:3

Голҳо: Рэшфорд, 6, Вегхорст, 45, Бруну Фернандеш, 89