«Барселона» муаллифии рекорди таърихӣ

«Барселона» муаллифии рекорди таърихӣ

Бошгоҳи “Барселона” аввалин шуда, роҳхати даври ½ ниҳоии Ҷоми Испанияро ба даст овард. Шогирдони Роналд Куман дар таърихи 119 солаи мусобиқот аввалин шуда дар 13 мавсими охир 10 маротиба ба финал роҳ ёфтанд. Ёдовар мешавем, рақобати ҷавобии даври ½ ниҳоии Ҷоми Испания байни дастаҳои “Барса” ва “Севиля” дар “Камп Ноу” доир шуда, бо натиҷаи 3:0 ба суди “Барса” хотима ёфт. Бояд иқрор шуд, ки бозии аввали дастаҳо дар “Рамон Санчес Писхуан” бо натиҷаи 2:0 ба нафъи “Севиля” хотима ёфта буд. Ҳамин тавр “Барса” аз рӯи натиҷаи ду набард бо бартарии 3:2 комёб шуда, гузарномаи даври финалии Ҷоми Испанияро соҳиб гардид. Рақиби “Барса” дар финал ғолиби ҷуфти «Леванте» — «Атлетик Б» (бозии авва 1:1) мешавад.