"Барселона" ниҳоят ба сарфаи буҷет муваффақ шуд

"Барселона" ниҳоят ба сарфаи буҷет муваффақ шуд

Хуруҷи коронавирус ба иқтисодиёти дастаҳои футбол зарбаи сахт зад, то ҳадде, ки бархе аз бошгоҳҳои муқтадирро хатари гирифтор шудан ба буҳрони молиявӣ иқтисодӣ таҳдид мекунад. Дар ин раванд дастаи “Барселона” аз пардохти пурраи маоши кормандонаш, бахусус бозигаронаш даст кашидааст.

Бошгоҳи «Барселона» дар сомонаи расмиаш аз кам кардани музди маоши кулли коргаронаш хабар дод. Айни ҳол “нилунориҳо” дар ҳолати зарари молиявӣ қарор доранд. Сабаби асосии сар задани зарари молиявӣ ин хуруҷи коронавирус мебошад, ки ҷаҳони имрӯзаро сарсону саргардон намудааст. Тавре хабар дода мешавад, ҳоло бояд кулли коргарони даста вазъиятро дарк кунанд ва якчанд муддат бо музди маоши камтар кор ва фаъолият кунанд. Дар ҳамин раванд футболбозони «Барселона» аз сабаби коронавирус ба паст кардани маошашон розигӣ додаанд. Президенти бошгоҳи «Барселона» - Хосеп Мария Бартомеу бо лидерони даста сӯҳбат дошт ва онҳо дар мавриди паст фаровардани музди маошашон зид нестанд.

"Барса" бо сабаби хурӯҷи тоҷвирус мушкилоти бузурги иқтисодӣ дорад. Дар навбати худ футболбозони даста низ ҳолати мазкурро дарк карда, барои коҳиш додани маошашон розигӣ додаанд. Аз сабаби карантин «Барселона» на танҳо аз ҳисоби фурӯши чипта ва пахши бозиҳо зарар дидааст. Ҳамчунин аз ҳисоби наомадани сайёҳон ва либосҳои варзишӣ, манъи чорабиниҳо дар майдони "Камп Ноу" ҳамарӯза зарари калони иқтисодӣ мебинад. Қаблан хабар дода шуда буд, ки аксари бозигарони даста барои кам кардани музди маошашон изҳори нигаронӣ намуда, аз роҳбарияти клуб музди маоши пурраи худро талаб кардаанд. Гуфта мешавад, ки “Барселона” аз сабаби мушкилоти пешомада, беш аз миллион евро зарарӣ молиявӣ дидааст.

Ёдовар мешавем, ки чанде қабл дар дастаи “Барселона” нофаҳмии бузург байни даста ва бозигарон барои коҳиш додани музди маошашон рух дода буд. Ин мушкилиро пешвои “Барса” – Лео Месси бо ҳамдастаҳояш баррасӣ намуда, розигии хешро барои кам намудани музди маошашон доданд.