“Барселона”-ро бидуни Месси имтиҳони бузург интизор аст

“Барселона”-ро бидуни Месси имтиҳони бузург интизор аст

Қувваозмоиҳо дар доираи бозиҳои даври 3-юми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо шоми имрӯз ҳам идома мекунанд. Дар ин замина бозии тимҳои “Барселона” ва “Интер” сурат мегирад, ки ин ду тими пурқуввати Аврупо бо ҳам дер боз рақобат накардаанд. Бори 4-ум аст, ки дар пайи қуръакашии мусобиқаи бонуфузтарини қораи Аврупо дар риштаи футбол - Лигаи қаҳрамонҳо тимҳои пурзӯри “Барселона” ва “Интер”-ро ба ҳам меорад. Дар ин маъракаи муҳташами созмони УЕФА “нилунориҳо” бо “сиёҳу кабудҳо” бори аввал моҳи феврали соли 2003-юм дар даври 2-юми марҳилаи гурӯҳӣ бо ҳам вориди майдони рақобат гардида буданд. Дар он дидор “Барселона” дар майдони худ бо ҳисоби 3:0 пирӯз омада, дар Милан бошад, ҳарифон ба задани гол даст наёфтанд. Вохӯрии навбатии дастаҳо, ки соли 2009-ум дар марҳилаи гурӯҳии ЛЧ дар варзишгоҳи "Ҷузеппе Меатса" сурат гирифт, маҳруми гол афтод. Дар "Камп Ноу" бошад, каталониҳо бо ҳисоби 2:0 бозии зафарангези худро анҷом доданд. Инчунин ду бозии дигар низ миёни онҳо дар доираи Лигаи қаҳрамонҳо моҳи апрели соли 2010 воқеъ шудааст. Дар бозии аввали марҳилаи ниманиҳоӣ шогирдони Жозе Моуринйю “нилунориҳо”-ро бо ҳисоби 3:1 шикаст доданд. Дар бозии ҷавобӣ бошад, дастпарварони Хосеп Гвардиона бо ҳисоби андаки 1:0 бартар омаданд. Дар мусобиқаи ҷорӣ дастаҳо бо дарёфти 6 имтиёзӣ баъди ду бозӣ мақомҳои якум ва дуюмро дар гурӯҳи “В” ба номи худ ихтисос додаанд. Ёдовар мешавем,ки дар рақобати мазкур “нилунориҳо” бидуни Месси бо Интер ба майдо меоянд. Рақобати ҳарифони оштинопазиру азалиро имрӯз дар дили шаб, саҳеҳтараш соати 23:55 шабакаи телевизионии “Варзиш” ба хидмати мухлисони сершумори футбол ба таври зинда тақдим мекунад.  

#barcainter.jpg