Маркос Алонсо дар «Челси» боқӣ мемонад

Маркос Алонсо дар «Челси» боқӣ мемонад

«Челси» бо ҳимоятгари худ Маркос Алонсо қарордоди ҳамкориро тамдид намуд. Қарордоди нави ин бозингари 27-сола то соли 2023 дар назар дошта шудааст. Дар ин бора, худи футболбоз чунин ибрози назар намуд: «Ман хушбахтам, ки дар ин ҷо қарор дорам ва дар яке аз беҳтарин дастаҳои дунё бозӣ мекунам. Ин ду мавсими хубе буд, ки ман дар он бозӣ намудам.» Дар мавсими имсола ҳимоятгари испанитабор нӯҳ бозиро дар чемпионати Англия ба анҷом расонида, як голро ба самар расонида, ҳамчунин ду партоби головарро иҷро намуд.

Таҳияи Раҳимов Орзу