"Бавария" ба роҳи ғалабаҳо баргашт

"Бавария" ба роҳи ғалабаҳо баргашт

 Баъд аз ду мағлубияти пайопай  “Бавария” ба қавле ҳақ  надошт то мағлуб шавад. Дар даври 16-ум рекордмайстер бар зидди дастаи “Фрайбург” бозӣ намуд. Дастаи номбурда дар 5 бозии охир пайдарҳам ғалаба мекард ва номи “Бавария” онҳоро наметарсонд. Вале номи Левандовский тани дилхоҳ паҳлавонро ба ларза медарорад. Маҳз бозигари полшагӣ дар дақиқаи 7-ум ҳисобро кушод. Ин гол барои ҳамлагари марказии мюнхениҳо 21-ум дар мавсим мебошад. Ӯ аввалин бозигаре шуд, ки дар марҳилаи якуми Бундеслига чунин миқдори голҳо мезанад. Герд Мюллер  бо 20 голи худ дар қарин гузашта паси сар монд
   “Фрайбург” дар нимаи дуввуми рақобат ҳисобро тавассути бозигари собиқи “Бавария”  Нилс Петерсон баробар кард. Ӯ гӯё аз қаҳри он, ки мавқеашро замоне дар дастаи машҳуртарини Олмон пайдо накард, ба майдон баромадан замон гол зад. Хурсандии меҳмонон дер давом накард. Томас Мюллер натанҳо партофти головар анҷом дода метавонад, ӯ задани голҳоро ҳам фаромуш накардааст. Маҳз ӯ дар дақиқаи 74-ум голи ғалабаоварро ба ҳадаф расонд ва бозӣ бо  ҳисоби  2:1  хатм шуд

Чемпионати Олмон. Бундеслига

Даври 16-ум

“Бавария” — “Фрайбург” — 2:1 (1:0)

Голҳо: Левандовски, 7 (1:0). Петерсен, 62 (1:1). Т.Мюллер, 74 (2:1).