«Бавария» бидуни сармураббӣ ҳам кори «Боруссия»-ро тамом кард

«Бавария» бидуни сармураббӣ ҳам кори «Боруссия»-ро тамом кард

Рақобати марказии даври 11-уми Чемпионати Олмон ин дидори дастаҳои “Бавария” ва “Боруссия”-и Дортмунд ба ҳисоб мерафт. Набарди ин ду рақиби азалӣ дар шаҳри Мюнхен сурат гирифта, бо ҳисоби бузурги 4:0 ба суди “Бавария” хотима ёфт. Дар ин рақобати ҳангомасоз голҳоро Роберт Левандовский (дубл), Гнабри ва Матс Хуммелс (худгол) ба самар расониданд. Хотиррасон мекунем, ки дар даври 10-ум барои бохти бузурги “Бавария” аз “Айнтрахт” (5:1) сармураббии ин тим - коршиноси хорватӣ Нико Ковач аз вазифааш сабукдӯш гардида буд. Ва дар ин дидор "мюнхениҳо" бидуни сармураббӣ дастаи “Боруссия”-ро бо чунин ҳисоби ҳангуфт ноком карданд. Баъди ин ғалабаи бузург “Бавария” бо касби 21 имтиёз дар зинаи сеюми ҷадвал қарор гирифт. “Боруссия”-и Дортмунд бошад, 19 хол дораду дар ҷои 5-ум мавқеъ касб намудааст. 

Чемпионати Олмон. Бундеслига. Даври 11-ум

«Бавария» (Мюнхен) — «Боруссия» (Дортмунд) — 4:0 (1:0)

Голҳо: Левандовский, 17, 76. Гнабри, 47. Хуммелс, 80 (худгол).