Беҳтаринҳои Лигаи 2-юм муайян шуданд

Беҳтаринҳои Лигаи 2-юм муайян шуданд

Беҳтаринҳои мавсими имсолаи Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи дуюми вилояти Хатлон муайян гардиданд. Дар наминатсияи “Дарвозабони беҳтарини” Сафолов Фаррухҷон, аз дастаи футболи “Сарҳадчи”-и ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, дар наминатсияи “Муҳофизатгари беҳтарин” Боев Шамил аз дастаи “Шоҳин”-и ноҳияи Муъминобод, дар наминатсия “Ниммуҳофизатгари беҳтарин” Мирзоев Даврон, аз дастаи футболи “Кӯшон”-и ноҳияи Кӯшониён, дар наминатсияи “Ҳамлагари беҳтарин” Мирзомуродов Сулаймон, аз дастаи футболи “Кӯшон”-и ноҳияи Кӯшониён, “Нишонзани беҳтарин” Суюнов Фозилҷон, аз дастаи футболи "Чашма"-и ноҳияи Шаҳритӯз дониста шуданд.