Кадом дастаҳо ба даври плей-оффи ЛЧ роҳхат гирифтанд?

Кадом дастаҳо ба даври плей-оффи ЛЧ роҳхат гирифтанд?

Тибқи натиҷаи бозиҳо дар гурӯҳҳои А ва С боз 2 дастае, ки ба плей-оффи Лигаи чемпионҳо роҳхат гирифтанд, маълум гаштанд.

Аз гурӯҳи А «Бавария» ба даври навбатӣ роҳхат гирифт. «Мюнхениҳо» дар майдони худ «РБ Залсбург»-ро (3:1) шикаст доданд ва бо 12 имтиёзи максималӣ дар мавқеи аввали гурӯҳашон қарор доранд. Аз гурӯҳи С «Манчестер Сити» ба плей-офф баромад. Шогирдони Пеп Гвардиола дар меҳмонӣ «Олимпиакос»-ро (0:1) шикаст доданд ва бо 12 имтиёз пешсафи гурӯҳи худ мебошанд. Хотиррасон мекунем, ки дирӯз 4 даста ба плей-офф роҳхат гирифта буданд: «Севиля», «Челси», «Барселона» ва «Ювентус».