Беҳтаринҳои Лигаи олӣ дар моҳи июн маълум шуданд

Беҳтаринҳои Лигаи олӣ дар моҳи июн маълум шуданд

Лигаи футболи Тоҷикистон ҳар охири моҳ беҳтарин футболбоз ва беҳтарин мураббии Лигаи олиро муайян мекунад. Баъди дубора барқарор шудани мавсим дар Лигаи олӣ се бозӣ баргузор карда шудааст. Унвони беҳтарин бозигари моҳро хавбеки дастаи “Истиқлол” – Эҳсони Панҷшанбе соҳиб гардидааст. Мураббии моҳ бошад, сармурабби ин даста Виталий Левченко эълон гардид. Инчуни дарвозабон ва сармураббии дастаи “Хатлон” - Куайе Годсон ва Аслиддин Ҳабибуллоев бо ҷоиза сарфароз гардонида шуданд. Ҷоизаҳо ба соҳибонашон дар даврҳои оянда тақдим карда мешаванд.