Бензема аз Месси пеш гузашт. Акнун «Тӯби тиллоӣ» аз ӯ аст

Бензема аз Месси пеш гузашт. Акнун «Тӯби тиллоӣ» аз ӯ аст

Нашрияи бонуфузи испании Marca миёни хонандагони хеш маросими овоздиҳиро барои соҳиб шудани ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ» баргузор кард.

Дар натиҷаи овоздиҳӣ ситораи мунтахаби Фаронса ва дастаи “Реал”-и Мадрид Карим Бензема бо соҳиб шудани 38% дарсади овозҳо дар зинаи аввал ҷой гирифтааст. Дар ҷои дуюм форварди «ПСЖ» Лионел Месси ва дар мақоми сеюм ҳамлавари “Бавария” - Роберт Левандовский (14%) ҷой гирифтааст. Роналду бошад, дар ин маросим 4 % овоз ба даст овард.

Маросими ҷоизасупории "Тӯби тиллоӣ" дар соли 2021 санаи 5-уми декабр дар Париж ба нақша гирифта шудааст.