Ширкати 7 муштзани тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон

Ширкати 7 муштзани тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон

Намояндагони 105 кишвар дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс байни мардон дар шаҳри Белгради Сербия иштирок мекунанд. Шумораи муштзанҳои сабтиномшуда 650 варзишгарро ташкил медиҳад, ки ин дар таърихи мусобиқа, назир надорад.

Бори аввал дар таърихи AIBA ин мусобиқа аз рӯи 13 вазн баргузор мешавад. Шумораи вазнҳо ҳанӯз аз моҳи августи соли 2021 зиёд карда шуданд ва дар қаҳрамонии ҷаҳонии навбатӣ аввалин бор мусобиқа дар ин шакл доир мегардад. Дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ кишвари моро 7 варзишгар Ёқубов Абдураҳмон 60 кг, Усмонов Баходур 63,5 кг, Амонов Саидикром 67 кг, Болтаев Абдумалик 75 кг, Негматуллоев Шаббос 80 кг, Каримов Парвиз 92 кг ва Қурбонов Ҷаҳон +92 кг намояндагӣ мекунанд. Инчунин дар қаҳрамонии ҷаҳон Тоҷикистонро боз ду мураббии тоҷик Шамсиев Мирзо, Ҷураев Хуршед ва як довар Муҳиддинов Мансур намояндагӣ мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки баргузории Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс байни мардон аз 24 октябр то 6 ноябри соли 2021 ба нақша гирифта шудааст.

Ҳайати дастаи мунтахаби бокси Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон:

1. Абдураҳмон ЁҚУБОВ (60кг)

2. Баҳодур УСМОНОВ (63.5кг)

3. Саидикром АМОНОВ (67кг)

4. Абдумалик БОЛТАЕВ (75кг)

5. Шаббос НЕГМАТУЛЛОЕВ (80кг)

6. Парвиз КАРИМОВ (92кг)

7. Ҷаҳон ҚУРБОНОВ (+92кг)