“Бешикташ” қаҳрамони Суперлигаи Туркия

“Бешикташ” қаҳрамони Суперлигаи Туркия

Дастаи “Бешикташ”-и Истамбул қаҳрамони Туркия дар мавсими 2020/2021. Дар даври охири Суперлигаи Туркия се дастаи Истамбул муддаии асосии қаҳрамонӣ: “Бешикташ” (81), “Галатасарай” (81) ва “Фенербахче” (79) бозӣ карданд.

“Галатасарай” дар майдони худ “Йени Малатяспор”-ро қабул кард ва бо ҳисоби 3:1 ғалаба намуд. “Фенербахче” дар меҳмонӣ муқобили “Кайсериспор” вориди майдон шуд ва бо ҳисоби 1:2 ба нафъи дастаи “Истамбул” хотима ёфт. “Бешикташ” низ бозиашро дар меҳмонӣ баргузор карда, бо ҳисоби 1:2 бар “Гёзтепе” ғолиб омад.

“Бешикташ” қаҳрамонии 21-умини худро дар таърих ба даст овард. То ин ҷониб, дастаи истамбулӣ дар мавсими 2016/2017 қаҳрамон гашта буд. Қаҳрамони Суперлигаи Туркия ба даври интихобии Лигаи Қаҳрамонҳои Аврупо роҳхат мегирад.