Бохти ҳангомавии Гэри Расселл вақти дифоъи қаҳрамонӣ

Бохти ҳангомавии Гэри Расселл вақти дифоъи қаҳрамонӣ

Гэри Расселли хурдӣ дар рақобати навбатии дифоъи қаҳрамонӣ ба таври ғайриинтизор аз Марк Магсайои филиппинӣ шикаст хӯрда, аз унвони қаҳрамоние, ки ҳафт сол дар даст дошт, маҳрум шуд.

Муштзани амрикоӣ Гэри Расселли хурдӣ (31-2, 18 KO) дар рақобати дифоъи қаҳрамонии 12-даврии WBC дар миёни сабуквазнҳо  аз Марк Магсайо (24-0, 16 KO) дучори шикаст шуд. Дар даври 4-ум  Расселл аз китфаш осеб дид ва дар идомаи рақобат андаке заифтар гардид.

Рақобат кулли 12 идома ёфта буд ва Магсайо бо қарори бештари доварон 114-114, 115-113 и 115-113 пирӯзии ҳангомавӣ ба даст овард.