Бохти «Гранада» дар майдони худ

Бохти «Гранада» дар майдони худ

Дар бозии аввали марҳилаи ¼ ниҳоии Лигаи Аврупо дастаи "Гранада"-и Испания дар майдони худ – "Нуэво Лос-Карменес" бо дастаи "Манчестер Юнайтед"-и Англия рақобат намуда, бо ҳисоби 0:2 ба бохт дучор шуд.

Голи аввали бозиро дар дақиқаи 31-ум ҳамлавари "девҳои сурх" – Маркус Рашфорд вориди дарвозаи ҳариф гардонида, дастаашро дар ҳисоб ба пеш баровард. Гарчанде дастаҳо ҷониби дарвозаи ҳамдигар ҳуҷумҳои пайдарпайро созмон медоданд, аммо мо то дақиқаи 89-уми дидор дигар шоҳиди гол нагаштем. Дар дақиқаи 90-уми бозӣ баъд аз қойидаситезӣ довар ҷониби дарвозаи "Гранада" ҷаримаи ёздаҳметра таъйин кард, ки онро нимҳимоятгар Бруно Фернандеш бе хато вориди дарвозаи Руй Силва гардонида, ғалабаи дастаашро дар бозии аввали даври чорякниҳоии Лигаи Аврупо таъмин сохт. Бозии ҷавобӣ байни "Гранада" ва "Манчестер Юнайтед" 16-уми апрел дар варзишгоҳи «Олд Траффорд»-и Англия баргузор мешавад.