Сулшер пирӯзии «МЮ»-ро шарҳ дод

Сулшер пирӯзии «МЮ»-ро шарҳ дод

Сармураббии бошгоҳи "Манчестер Юнайтед" – Оле Гуннар Сулшер пирӯзии дастаашро дар бозии аввали марҳилаи ¼ финали Лигаи Аврупо бар зидди “Гранада” шарҳ дод.

- Мо мехоҳем, ки дар ҳар як бозӣ пирӯз шавем. Мо ҳанӯз як дастаи ҷавонем, ки пешрафтро идома медиҳад. Мо бояд минбаъд рушд кунем. Мо ҳамеша мекӯшем, ки пеш равем ва лаҳзаҳо эҷод кунем. Мо ба бозии ҷавобӣ дар «Олд Траффорд» хуб омода мешавем. Рашфорд ва Бруно Фернандес барои мо бозингарони хеле муҳиманд. Маркус дар охири ҳамла тӯбро комилан идора кард ва Бруно пеналтиро хеле оромона ба ҳадаф расонд, ҳарчанд, ки дарвозабон қариб зарбаро бартараф мекард, - гуфт Сулшер.

Хотирасон мекунем, ки рақобати дастаҳо дар майдони «Гранада» баргузор шуд ва бо ҳисоби 0:2 ба нафъи «девҳои сурх» анҷом пазируфт. Дастаҳо бозии ҷавобиро 16-уми апрел дар «Олд Траффорд» баргузор мекунанд.