Бонуи Словакия қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ шуд

Бонуи Словакия қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ шуд

Сабқатҳо дар навъи варзиши тирандозӣ бо милтиқ миёни бонувон дар Бозиҳои олимпии Токио ба анҷом расида, ҷоизадорон муайян шуданд. Зузана Штефечекова аз Словакия қаҳрамони бозиҳои олимпии Токио гардида, аз 50 имконияти тирандозӣ 43 - тоашро самаранок истифода бурд. Ҳамчунин бо ин нишондод рекорди ин навъи варзишро дар бозиҳои олимпӣ тағйир дод. Кeйл Бровнинг аз Амрико медали нуқра ва Алессандро Перилли аз Сан-Марино соҳиби медали биринҷӣ гардиданд.

Бозиҳои олимпии Токио-2020. Тирандозӣ, трап (дом), бонувон

Зузана Штефечекова (Словакия), 43 хол - рекорди олимпӣ

Кейл Браунинг (ИМА), 42 хол

Алессандра Перилли (Сан Марино), 29 хол