Бонувони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон мераванд

Бонувони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон мераванд

Аз 4-ум то 19-уми декабр дар шаҳри Истанбули Туркия 12-умин Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни бонувон баргузор мешавад. Макони баргузории чемпионат маҷмааи варзишии “Башакшеҳир” интихоб шудааст, ки шароити тамрин ва машқи баданро дорад. Муҳорибаҳо аз 7 декабр оғоз гардида, шуруъ аз 18 декабр метавон қисмати финалиро тамошо кард. Дар ин чорабинии сатҳӣ ҷаҳонӣ кишвари морро 5 муштзан намояндагӣ мекунанд. Мисли чемпионати ҷаҳон миёни мардҳо барои бонувон низ ҷоизапулӣ пешбинӣ шудааст: ҷои аввал - 100 000 доллари ИМА, ҷои дуюм – 50 000 ва ҷои сеюм - 25 000 доллари ИМА.

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон:

1.    Сумайя Қосимова (48кг)

2.    Руҳафзо Ҳақназарова (51кг)

3.    Миҷгона Самадова (57кг)

4.    Шоира Зулқайнарова (60кг)

5.    Нилуфар Бобоёрова (69кг)