Теннисбозе ноиби сарвазири Чинро дар хушунат муттаҳам кард

Теннисбозе ноиби сарвазири Чинро дар хушунат муттаҳам кард

Теннисбози маъруфи чиноӣ Пен Шуай, ки ду сол пеш ба фаъолияти варзишии хеш нуқта гузошта буд, бо изҳороти ҷанҷоловаре чунин навишт. Варзишгар собиқ муовини сарвазири кишвараш Чжан Гаолиро ба таҷовузи ҷинсӣ ва зиндагии муштараки маҷбурӣ муттаҳам кардааст.

Собиқ ракеткаи якуми ҷаҳон дар рақобати ҷуфтӣ дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии чинии Weibo собиқ муовини нахуствазири Чинро дар таҷовузи ҷинсӣ муттаҳам кард. Теннисбози 35-сола рӯзи сешанбеи 2 ноябр изҳорот дод, аммо баъд аз якчанд лаҳза он навиштаҷоташро пок кард.

Бо вуҷуди ин шикояти теннисбоз зуд дар шабакаи интернет паҳн шуд ва чанд нашрияи бузург, аз ҷумла Washington Post ва New York Times дар ин бора навиштанд. Ҷабрдида мегуяд, ки мансабдор 10 сол пеш (миёни солҳои 2007 то 2012) ба ӯ ҳамла карда, сипас соли 2018 варзишгарро ба теннис даъват кардааст, вале боз ҳам Пен Шуайро маҷбур кардааст, ки бо ӯ алоқаи ҷинсӣ кунад.