Бошгоҳи нави Ибрагимович муайян шуд

Бошгоҳи нави Ибрагимович муайян шуд

Нозири MLS Дон Гарбер хабар дод, ки ҳамлавари шведии бошгоҳи «Лос-Анҷелес Гэлакси» Златан Ибрагимович корномаи футболбозиашро дар дастаи “Милан” идома медиҳад. Қарордоди ҳамкории шведӣ бо «Лос-Анҷелес Гэлакси» рӯзҳои наздик ба нуқтаи ниҳоӣ мерасад.

- Златан 38 сол дорад, ӯ дар Чемпионати Амрико бисёр гол мезанад ва ӯ бояд корномаашро дар Аврупо идома диҳад, — иқтибос меорад ESPN аз суханҳои Дон Гарбер.

Ёдовар мешавем, ки Ибрагимович аз соли 2010 то соли 2012 шарафи бошгоҳи “Милан”-ро ҳимоя мекард. Дар ҳайати тими итолиёвӣ Ибра дар 85 бозӣ 56 голро марбути номи хеш намудааст.