Боз як футболбози дигар «Истиқлол»-ро тарк мекунад

Боз як футболбози дигар «Истиқлол»-ро тарк мекунад

Амирбек Ҷӯрабоев ниммуҳофизатгари дастаи миллии Тоҷикистон ва бошгоҳи "Истиқлол" рӯзҳои наздик бо дастаи сеюми чемпионати Суперлигаи Ӯзбекистон шартнома хоҳад баст. Эҳтимол аст футболбози 23- солаи дастаи "Истиқлол" бо бошгоҳи футболи "Навбаҳор" аз шаҳри Намангон шартномаро то анҷоми мавсими имсола ба имзо расонад. Ҷӯрабоев аз соли 2016-ум дар ҳайати дастаи "Истиқлол" ҳунарнамоӣ карда, дар тими миллӣ бошад, аз соли 2014 бозӣ мекунад. Мавсуф дастпарвари бошгоҳи футболи ССКА-и Маскав аст.