Бозгашти Криштиану Роналду ба «Олд Траффорд»

Бозгашти Криштиану Роналду ба «Олд Траффорд»

Имрӯз дар доираи бозиҳои даври сеюми Лигаи Чемпионҳо якчанд бозӣ баргузор мешавад, ки рақобати марзии даври мазкур байни тимҳои “Манчестер Юнайтед” ва “Ювентус” ба шумор меравад. Чуноне, ки ба ҳамагон маълум буд, Криштиану Роналду дар бозии аввали ЛЧ бар зидди “Валенсия” бар асари қоидаситезӣ бо баргаи сурх муҷозот шуда, бозибадар шуда буд. Баъдан ӯро дар як бозӣ муҷозот намуданд. Инак Роналду аз муҷозот озод шудаву боз ба сафи қаторӣ омода шудааст. Криштиану Роналду ин маротиба дар «Олд Траффорд» на ҳамчун меҳмон балки рақиби асосии “девҳои сурх” мебошад. Ёдовар мешавем, ки Роналду аз соли 2003 то соли 2009 дар ин бошгоҳи сеҷоизатарини Англия майдондорӣ намудааст. Дар рақобати дигари даври мазкур “Реал” дар хонааш тими “Виктория Плзен”-ро меҳмонӣ мекунад. “Манчестер Сити” бошад, ба меҳмонии “Шахтёр” меравад. Хотиррасон мекунем, ки шабакаи ТВ “Варзиш” рақобатҳои мазкуро ба таври зинда пахш мекунад.