Бозии дуюми мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё

Бозии дуюми мунтахаби Тоҷикистон  дар Чемпионати Осиё

Имрӯз мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар бозии 2-юми гурӯҳи «D», дар Чемпионати Осиё-2018, ки дар Индонезия идома дорад, бо мунтахаби Малайзия қувва меозмояд. Футболбозони тоҷик баъди ғалаба бар дастаи мунтахаби Чин (1:0)  бо рӯҳияи баланд вориди ин рақобат мешаванд. Дар ин гурӯҳ ҳамчунин вохӯрии байни дастаҳои мунтахаби ҷавонони Арабистони Саудӣ ва Чин низ баргузор мегардад. Дар сурати ғалабаи дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ин дастаҳо пеш аз мӯҳлат ба бозиҳои ¼-ниҳоӣ роҳхат хоҳанд гирифт. Ёдовар мешавем, ки даври охири мусобиқа дар гурӯҳи «D», 26-уми октябр, бо  бозии  дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон бо Арабистони Саудӣ ва Чин бо Малайзия  анҷом меёбад. Дар ҳамин росто бозиҳои даври дуввуми гурӯҳҳои «А»,«В» ва «С» хотима ёфтанд. Амороти Мутаҳидаи Араб бар Тайбейи Чин бо ҳисоби 8:1, Қатар бар Индонезия —  6:5, Кореяи Шимолӣ бар Ироқ  — 1:0, Япония бар Тайланд — 3:1, Австралия бар Ветнам —  2:1 ва Кореяи Ҷанубӣ бар Урдун бо бо ҳисоби  3:1 ғалаба карданд. Хотиррасон мекунем, ки шабакаҳои ТВ “Варзиш” ва ТВ “Футбол” рақобати мазкурро ба таври мустақим пешкаши мухлисон мекунанд.

Чемпионати Осиё-2018 миёни ҷавонони (U-19)

Гурӯҳи «D». Бозии 2-юм

23 октябр (сешанбе)

14:00 – Чин – Арабистони Саудӣ

17:00 – Малайзия – ТОҶИКИСТОН

 

Малайзия - Таджикистан.jpg